Президент барои варзишгарон ним миллион сомонӣ ҷудо кард

Маблағи ихтисоснамудаи роҳбари давлатро варзишгароне мегиранд, ки дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ иштирок ва ғолиб баромаданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон барои ҳавасманд кардани варзишгарони тоҷик як амре тасвиб намуд, ки бар асоси он ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмиллалӣ ва ҳамзамон мураббиёни онҳо бо маблағи пулӣ аз сӯи роҳбари давлат қадрдонӣ мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президент давлат хабар дод.
Бар хабари манбаъ, роҳбари давлат барои қадрдонӣ кардани варзишгарону мураббиёни онҳо амр додааст, ки имсол аз Фонди махсуси президент 568 750 сомонӣ ҷудо карда шавад.
"Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50000 сомонӣ аст", - омадааст дар хабарнома.
Зимнан, президент Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро барои саривақт анҷом додани ин амр муваззаф намуда, талаб кард, ки ҳисоботи хароҷоти анҷомшударо ба Вазорати молия пешниҳод намоянд.
Дар амри президент зикр гардид, ки 35 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмиллалӣ бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ин ниҳод дақиқан нагуфт, ки кадоме аз варзишгарони тоҷик соҳиби ин ҷоиза гардиданд.
Киҳо соҳиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо шуданд?
Танҳо қайд гардид, ки барандагони Ҷоизаи президентонҳое мебошанд, ки дар риштаҳои бокс, куштии дзюдо, юнонӣ-румӣ, тарзи озод ва таэквондо ВТФ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медали тилло ва ҷойҳои намоён гардидаанд.
Маврид ба зикраст, ки соли 2022 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии кишвар 548 медал, аз ҷумла 150 тилло, 162 нуқра ва 236 биринҷӣ ворид намуданд, ки ни нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 150 медал зиёдтар аст.