Наҷотдиҳандагон аз рафъи партовҳо ва ҷустуҷӯи одамон то дастгирии равонӣ ва пухтупаз кӯмаки ҳамаҷониба мерасонанд.
Ба Туркия ва Сурия садҳо тонна маводи ғизоӣ, доруворӣ, либоси гарм ва таҷҳизоти махсус фиристода шуд.
Гурӯҳҳои наҷотбахшро ҳамчунин кишварҳое чун Озарбойҷон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Молдовия фиристоданд. Онҳо дар шароити душвори обу ҳаво шабу рӯз меҳнат намуда, аллакай даҳҳо нафарро наҷот доданд.
Заминларзаи шиддаташ 7,7 дараҷа дар марзи Туркияву Сурия субҳи 6 феврал рух дод.
Ба гуфтаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, офати табиӣ аз соли 1939 бадтарин ҳодиса буд. Теъдоди умумии қурбониёни заминларза, тибқи маълумоти охирин, ба 21642 нафар расидааст, беш аз 80 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд. Афзоиши шумори қурбониён идома дорад.