Аз дарёфти ҷасадҳо то тило ва туфангчаю камон: кори наҷотбахшони тоҷик дар Туркия

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз кори наҷотбахшони тоҷик дар яке аз минтақаи аз заминларза харобшуда дар Туркия гузориш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия, ки харобиҳои нисбатан бештар дар пайи заминларзаи ахир дорад, имдодгарони тоҷик ба корҳои ҷустуҷу ва наҷот идома доранд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки имдодгарон рӯзи 11 феврал аз соати 08:00 дақиқаи ба вақти Туркия кори худро оғоз намуданд.
Манбаъ меафзояд, наҷотбахшони тоҷик аз зери тӯдаи хоку сангу бетони як хонаи шашошёна ҷасади нуҳ нафарро берун оварданд. Ҳамаи онҳо бошандагони ин бинои истиқоматӣ будаанд.
Кори наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия - видео
Илова бар ин, имдодгарон аз зери ин бинои фурӯрафта 400 грамм тило, ду туфангча ва камон бо тирҳо низ пайдо намуданд.
“Ҳамаи ашёи ёфташуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қаҳрамонмараш супорида шуд”, - омадааст дар хабари КҲФ
Таъкид шудааст, ки наҷотдиҳандагони Тоҷикистон бо самаранокии баланд кор мекунанд, зеро хуб медонанд, ки барои наҷоти ҷони инсонҳо ҳар дақиқаву соат ғанимат аст ва ҳар лаҳза метавонад дер шавад.
Ба иттилои КҲФ, имдодгарон дар ин кор аз таҷҳизотҳои нави ҷустуҷӯ, воситаҳои техникии замонавӣ, ки бо онҳо муҷаҳҳазанд, истифода мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо супориши бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат аз Тоҷикистон 50 наҷотбахш иборат аз мутахассисони варзида ва табибон ба Туркия фиристода шуд.
Тоҷикистон ҳамчунин эълон кард, ки то 100 тонна кумаки башардӯстонаро ба Туркия хоҳад расонд.