ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Рӯзноманигори амрикоӣ Грег Прайс дар саҳифаи Twitter видеоеро нашр кард, ки дар он раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден зимни суханронии муқаррарӣ изҳороти ғайриоддӣ кардааст.
" Ҳар боре, ки "президенти Иёлоти Муттаҳида" -ро мешунавам, ба атроф нигоҳ мекунам ва мегӯям: "Ӯ кучо аст?" — шухӣ кард роҳбари Амрико.
Байдени 80-сола куҳансолтарин раиси ҷумҳури Амрико дар таърих шуд. Вай мунтазам ба ҳолатҳои хандовар дучор мешавад.
Мухолифони раҳбари Амрико синну сол ва мушкилоти эҳтимолии саломатиро сабаби ин медонанд.
Қаблан Байден гуфта буд, ки ҳанӯз омода нест, дар бораи ширкат дар интихоботи соли 2024 тасмим бигирад.
Қабл аз ин раисиҷумҳури Амрико эълом дошт, ки қасди ширкат дар маъракаи интихоботӣ дорад ва синну солаш ӯро ташвиш надодааст, аммо то ҳол тасмими қатъӣ нагирифтааст.