ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар миқёси вилояти Хатлон 315 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ дод сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, Ҷамшед Маҳмадзода.
Нашрияи расмии "Хатлон" аз қавли Маҳмадзода овардааст, ки дар ин мавзеъҳо 23 ҳазору 590 хоҷагӣ бо шумораи 156 ҳазору 504 нафар аҳолӣ зиндагонӣ ва фаъолият менамояд.
Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла дар минтақаи Бохтар 123 мавзеи хафнок ва дар минтақаи Кӯлоб 192 мавзеи хафнок мебошад. Дар вилоят 315 мавзеъҳои хатарнок муайян гардидааст.
"Аз онҳо 233 мавзеи таҳти хатари сел, 59 мавзеи хавфи ярч, 17 мавзеи обхезӣ, 4 мавзеи эрозияи замин ва 2 мавзеи лағжиши заминро ташкил медиҳанд", - дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки соли 2022 дар ҳудуди вилоят 3 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муфдоаи граждании Тоҷикистон маблағи умумии зарари расонидашуда аз офатҳои табииро наздики 800 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар пайи таъсири омилҳои гуногун офатҳои табиӣ дар кишвар майли афзоиш дошта, дар ҳаҷми миллионҳо доллар ба иқтисоди кишвар хисорот ворид мекунанд.