ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Таъсирнокии дараҷаи паҳншавии нурҳои радиатсионӣ дар нуқтаҳои шаҳри Хуҷанд баланд нест, гуфт дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Идораи экологияи Суғд Абдуаҳад Ҳакимзода.
“Зимни озмоиш фони табии афканишоти радиатсия дар панҷ нуқтаи соҳили рости шаҳри Хуҷанд аз 8 то 13 мкР/соат муайян шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо аз меъёри муқаррарӣ зиёд нестанд” – зикр кард, сардори Идораи экология.
Ҳакимзода таъкид намуд, ки ҳар се моҳ аз нуқтаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд доир ба паҳншавии дарарҷаи радиатсия корҳои тадқиқотӣ анҷом дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди навоҳии Суғд то имрӯз 180 га майдони партовгоҳи радиоактивӣ мавҷуд аст ва 90 га и онро партовгоҳи “Деҳмой” и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил медиҳад.
Дар бораи безараргардонии чунин партовгоҳҳо, ки дарҳудуди шаҳру навоҳии Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истиқлол мавҷуданд, масъулони идораҳои экология ва амнияти ядроӣ корбарӣ мекунанд.
Зимнан дар шаҳри Истиқлол (Тобошари собиқ) корҳои безараргардонӣ ҷараён дорад.
Чанде пеш Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳукумати кишвар даҳ миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст ва корҳои безараргардонӣ дар шаҳри Истиқлол то соли 2024 ба анҷом расонида хоҳад шуд.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ аз замонӣ Шӯравӣ, ки коркарди маводи уран дар корхонаи Фузулоти нодири Тоҷикистон (собиқ Востокредмет) сурат мегирифт, ба вуҷуд омадаанд.