Се қурбонӣ ва 7,6 милион сомонӣ хисорот: Мақомоти Суғд зарар аз офатҳои табииро гуфтанд

Ахиран мақомоти КҲФ дар вилояти Суғд маҳалли рухдоди офатҳоеро, ки боиси ба ҳалокат расидани се сокин гардидааст, шарҳ доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Бар асари рухдоди ҳодисаҳои фавқуллодаи табиӣ се сокини вилояти Суғд кушта шуда ва даҳҳо манзилу иншооти сокинон тахриб гаштанд, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати КҲФ вилоят Холмаҳмад Холов.
Ба гуфтаи вай давоми соли 2022, 11 ҳодисаи селхезӣ рух дода ва аз ин ҳисоб 7,6 млн сомонӣ маълум карда шудааст.
“Чунин ҳодисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ 3 ҳолат, Ашт ва Кӯҳистонӣ Мастчоҳ 2 ҳолати, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров Исфара ва Панҷакент 1 ҳолатӣ ба қайд гирифта шудаанд” – иттилоъ дод, Холов.
Мақомот гуфтанд, ки ба ҳисоби селхезиҳо ду офати табиии дигар сабт шудааст, ки мунҷар ба кушта шудани сокинон шудааст.
Ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардида дар ноҳияи Фархор замин доданд
Аз ҷумла бар асари кӯчидани сангпора дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ду сокини ин ноҳия ва аз ҳисоби рухдоди раъду барқ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як сокини ин ноҳия ҷон додаанд.
Мақомот иброз намуданд, ки дар пайи селхезиҳои соли гузашта даҳҳо манзилу иншооти иҷтимоии сокинон ва пулу роҳҳои нақлиётгузарро хароб шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2021 дар ҳудуди шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон 10 ҳодисаи фавқуллодаи табиӣ ба вуқӯъ омада риштаи ҷони 22 нафарро канда буд. Он замон мақомот хисороти молиро ба 15,4 млн сомонӣ ҳисоб карда буданд.