ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ширкати ҳавоии “Аэрофлот”-и Русия аз шаҳри Санкт-Петербург ба Душанбе парвозҳои мустақими доимӣ анҷом медиҳад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкати ҳавоӣ.
Парвозхо хафтае ду маротиба тариқи ҳавопаймоҳои “Боинг 737” анҷом дода мешавад.
Парвозҳои ширкати “Аэрофлот” рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе аз фурудгоҳи Санкт-Петербург ва Душанбе сурат мегирад.
Дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба Русия ширкатҳои ҳавопаймоии "Сибир", "Уралские авиалинии", "Ямал", "Северный ветер", "UTAir" ва ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" парвоз мекунанд.
"Аэрофлот" бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Русия аст. “Aeroflot Group” яке аз ширкатҳои пешсаф дар авиатсияи граждании Русия дониста мешавад.
Соли 2022 ширкати “Аэрофлот” 20,5 миллион нафар ва бо назардошти ширкатҳои ҳавопаймоии “Aeroflot Group” 40,7 миллион нафарро интиқол додааст.
"Аэрофлот" яке аз қадимтарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон аст. Ширкат 99 сол боз фаъолият дорад ва яке аз маъруфтарин брендҳои Русия мебошад.