ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Русия бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон робита барқарор кардааст ва барои беҳбуди вазъи башарӣ дар ин кишвар ҳама корҳоро мекунад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар нишасти котибони шӯроҳои амниятӣ дар Маскав, ки ба мушкили Афғонистон бахшида шуд, изҳор доштааст
"Мо дар Кобул бо раҳбарияти Афғонистон тамос барқарор кардем ва медонем, ки тарҳҳои бузурги иқтисодӣ дар назар аст, ки метавонанд вазъро дар иқтисод ба эътидол оваранд",- гуфт Путин.
Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар кишвар хеле вазнин аст: тақрибан 4 миллион нафар ба кумакҳои фаврии башардӯстона ниёз доранд, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир идома дорад.
Тавре Путин таъкид кард, Русия ҳама корро мекунад, то роҳҳои ҳалле барои беҳбуди вазъ пайдо кунад.
Ёдовар мешавем, ки намояндагони Шӯрои амнияти 9 кишвар дар Маскав тартиби ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро баррасӣ карданд.
Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода гуфт, ки ҷумҳурӣ барои интиқоли борҳои башардӯстона имконоти логистикии худро фароҳам хоҳад кард.
* - гуруҳе, ки барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.