ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ахиран вазири хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба сафорати Туркия рафт ва паёми ҳамдардиашро дар китоби таъзия сабт кард, иттилоъ додааст вазорати хориҷа.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе, ба давлат ва мардуми Туркия дар иртибот ба фоҷеаи заминларзаи шадид дар он кишвар изҳори таслият намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорат боз шуда буд, дарҷ карда, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Тоҷикистон ба осебдидагони заминларзаи харобиовар 100 тонна кӯмаки башардӯстона равон кард.
Ба шаҳрҳои Туркия, ки аз заминларза осеб дидаанд либоси зимистона ва маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ, инчунин маводи антисептикӣ фиристода шуд.
Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ба Туркия орд, равған, қанд, биринҷ, макарон, оби нушокӣ, либосу пойафзоли зимистона, хайма, кӯрпаю болишт, кат, кати хоб, курпаҳои пашмин, табақ ва дигар лавозимоти ошхона фиристодааст.
Ҳамчунин Тоҷикистон ба Туркия 50 нафар наҷотдиҳандагонашро равон кард.
Бузургтарин заминларза дар 100 соли ахир бо шиддати 7,7 дараҷа рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия рух дод.
Заминларза ва садҳо ларзиш дар 10 вилояти ин кишвар ва ҳамчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Сурия, эҳсос шуд, ки он низ осеб дидааст.
То ин замон шумори кушташудагон дар Туркия ба 14 014 нафар ва теъдоди маҷрӯҳшудагон ба 63 794 нафар расидааст.