ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Суғд таҷлили ботантанаи соли нави шарқӣ – ҷашни никон – Наврӯз дар назар аст, гуфт Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги вилоят.
Ба гуфтаи ӯ, дар намоиши идона ба муносибати таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки 21 март баргузор мешавад, ҳудуди 9 ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард.
"Тибқи нақшаҳои пешакӣ, чорабиниҳои ҷашнӣ дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд", - гуфт номбурда.
Ба ин муносибат аллакай барномаи бахши фарҳангии чорабинӣ омода ва муаррифӣ шудааст.
Намояндагони бахши фарҳанд аз Душанбе низ дар назар аст, ки дар ин барномаи фарҳангӣ ширкат кунанд, афзуд номбурда.
Пас аз тасдиқи пурллаи лоиҳаи барнома тамриноти ҳама ҷашнҳои ба нақша гирифташуда оғоз мешаванд.
Қосимов ҳамчунин гуфт, ки бастакорон ва навозандагон ба ин муносибат 60 асари нав омода кардаанд, ки дар консертҳо иҷро хоҳанд кард.