КҲФ: Наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия расиданд

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аз вуруди як гурӯҳи 50-нафараи наҷотдиҳандагон, ҷарроҳон ва травматологҳо ба Туркия хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Наҷотдиҳандагони тоҷик барои кумак ба осебдидагони заминларзаҳои фоҷеъабор вориди Туркия шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ хабар дод.
Ҳавопаймо бо 50 нафар наҷотдиҳандагон, ҷарроҳон ва травматологҳо таҳти роҳбарии муовини раиси КҲФ Сулаймон Исозода соати 7:20 ба вақти Туркия дар Истамбул фуруд омад.
Мутахассисони тоҷик бо худ таҷҳизоти заруриро барои анҷоми амалиёти ҷустуҷӯӣ, поксозии харобаҳо ва дигар лавозимотро бурдаанд.
Спасатели КЧС Таджикистана в Турции
Ба иттилои КҲФ, ин нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон аст, ки наҷотдиҳандагони тоҷик барои расонидани кумак ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ ба кишвари дигар эъзом мешаванд.
Дар ҳамин парвоз як бастаи кумак башардӯстона бо ҳаҷми 25 тонна ба Туркия ворид шуд, ки он аз маводи ниёзи аввалия ва ғизо – орд, биринҷ, равған иборат аст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 6 феврал фоҷиаи мудҳиш рух дод. Заминларза бо шиддати 7,7 дараҷа, ки дар ҷанубу шарқи Туркия рух дод, чанд шаҳрро хароб кард.
Нимаи дуюми рӯз заминларзаи навбатӣ рух дод, ки қуввааш 7,6 дараҷа буд.
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркияву Сурия аз 15 ҳазор нафар гузашт
Бинобар охирин додаҳо, бар асари офати табиӣ то кунун теъдоди ҳалокшудаҳо дар Туркия ба 12 391 нафар мерасад.
Омори захмиён низ ба таври қобили мулоҳиза афзуда, ба 62 914 танро ташкил медиҳад.
Вазъ дар Сурия ба далели мушкилоти интиқоли кумакҳои башардӯстона ва ирсоли наҷотдиҳандагон боз ҳам печидатар аст.
Теъдоди умумии кушташудагон дар он ҷо ба 2992 нафар расидааст ва теъдоди дақиқи осебдидагон то ҳол маълум нест.