ДУШАНБЕ, 8 фев – Sputnik. Ғайбулло Муҳиддинов, сардори Маркази стандартизатсия, метролдогия, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ошкоршавии чунин маҳсулоти бесифати нафтӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, зимни санҷишҳои озмоишӣ кормандони ин ниҳод дар 18 намуд, бештар аз 35 тон маҳсулоти ғайристандарти нафтиро ошкор намуданд.
“Аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ 27 тон, бензини автомобил 1 тон, равғанҳои молиданӣ 1, 5 тон, афтол 400 литр, мазут 5,2 тон ва 440 литр моеъи хунуккунанда аз фурӯш боз дошта шуд” – хабар дод, Муҳиддинов.
Сардори Тоҷикстандарт гуфт, зимни озмоиш маълум шудааст, ки дар таркиби ин онҳо аз ҷумла солярка миқдори зиёди сулфур ошкор гардидааст ва истифодаи он кори муҳаррики автомобилҳоро мушкил мегардонад.
Бино ба иттилоъи масъулин ин навъ маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби ширкатҳо дар ҳудуди вилоят мавриди коркард қарор дода шудааст.
Бино ба маълуомтҳои оморӣ беш аз 55 дарсади воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон тавассути бензин ҳаракат мекунанд.
Маводи сӯхт аз ҷумла бензину соляркаи аълосифат асосан аз хориҷа аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.