ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз олимони кишвар хост, дар интихоби авлавиятҳои илмию технологӣ бодиққат бошанд.
Ӯ зимни ҷаласаи Шӯрои илм ва маориф изҳор дошт, ки авлаият бояд бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика ва амният дода шавад.
"Мо бояд ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллӣ таваҷҷӯҳ кунем, омили фишори берунаро ба инобат гирем ва аз ин рӯ, дар интихоби афзалиятҳои илмию технологии худ ниҳоят эҳтиёткор бошем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи сарвари давлат, пеш аз ҳама, бояд ба технологияҳо ва маҳсулоте таваҷҷуҳ кард, ки кори соҳаи тандурустӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, соҳаҳои муҳими саноат, инчунин бахши амниятро таъмин мекунанд.
"Дар ин соҳаҳо мо бояд салоҳиятҳои худ, технологияҳои асосии худро дошта бошем. Дар чунин мавзӯъҳои ҳассос мо наметавонем хатари вобастагии шадид аз ниҳодҳои хориҷӣ дошта бошем", - таъкид кард роҳбари давлат.
Ин таъкиди президенти Русия дар ҳолест, ки ахиран дар пайи оғози амалиёти вижа дар Украина бисёре аз соҳаҳои кишвар мавриди таҳримҳои хориҷӣ қарор гирифтанд.
Президенти Русия қаблан дар пасманзари таҳримҳо изҳор дошт, ки ин фурсати тозае барои рушди технология ва тавлидоти худӣ мебошад.