Хатари зилзилаҳои шадид дар Тоҷикистон: шарҳи президенти Академияи илмҳо

Дар пайи фоҷиаи мудҳиши Туркия, нигарониҳо аз заминларзаҳо афзоиш ёфтаанд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон назарашро дар ин бора баён дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев – Sputnik. Тоҷикистон аз нигоҳи зилзилахезӣ дар минтақаи нисбатан оромтар ҷой гирифтааст, изҳор дошт президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки заминларзаи шадид аслан бештар дар минтақаи кӯҳҳои ҷавон сар мезанад ва ҳамон зилзила бештар ба Тоҷикистон таъсир мерасонад.
Ба гуфтаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, чунин минтақаҳои зилзилахез бештар дар қаламрави Афғонистон, дар кӯҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳимолой ҷойгир мебошад. Дар ин манотиқ қариб ҳар рӯз замин меҷунбад, афзуд ӯ.
Маълум шуд, ки наҷотдиҳандагони тоҷик кай ба Туркия барои кӯмак мераванд
Дар зимн хабар дода шуд, ки ҳудуди 20 ҳазор заминларза ҳар сол дар Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайвандад. Аз ин шумора танҳо аз 30 то 35 заминларза эҳсосшаванда мебошанд.
Ба гуфтаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қавитарин заминларза дар таърихи кишвар 7,2 балл будааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Туркияро заминларзаи шадид такон дод, ки даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
Ҳоло дар 10 музофоти Туркия вазъи фавқулода ҷорӣ шуда, дар кишвар то 12 феврал мотами миллӣ эълон шудааст.