ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Таҳдиди фаромадани тарма дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 12-уми феврал боқӣ мемонад.
Дар ин бора КҲФ, бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода, роҳҳои куҳҳиеро ном бурд, ки дар он ин таҳдид нисбатан бештар аст.
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб бар асари боришҳо хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад, омадааст дар иттилоияи КҲФ.
Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ намоянд ва ё сафарҳои безарурати худро муваққатан то беҳ шудани вазъ лағв кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус риояи фосила байни мошинҳо гарави аслии амнияту бехатарии ронандагон ва ҳамсафарони онҳост, таъкид кардаст КҲФ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар масири Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи Майхӯра ва Ҳушёрӣ мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Зикр гардидаст, ки бо мақсади сари вақт бартараф намудани паёмадҳои ин офат техникаи махсуси ширкати роҳи "Innovative Road Solutions" ҷалб карда шуд.