ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар қисмати марказии Туркия шаби 6 ба 7 феврал боз заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд, иттилоъ дод Маркази зилзиласанҷии Аврупою Баҳри миёназамин.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза бо шиддати 5,7 дараҷа дар 5 километрии минтақаи Гелбошии Туркия дар умқи 2 километр воқеъ будааст. Дар бораи оқибатҳои ин ҳодиса ҳанӯз маълумот рӯи даст нест.
Аммо талафоти заминларзаҳои рӯзи қабл, ки то 7,8 дараҷа шиддат доштаанд, соат ба соат афзоиш ёфта истодааст.
Бар асоси гузоришҳои охир, бар асари заминларзаи сабтшуда дар вилояти Қаҳрамонмараш, теъдоди кушташудаҳо алллакай ба 2921 нафар расид. Шумораи маҷруҳон бар асари ин офати табиӣ ба 16 ҳазор нафар наздик шудааст.
Мақомоти Туркия мегӯянд, дар пайи корҳои наҷотдиҳию ҷустуҷӯӣ ҳазорҳо нафарро аз зери харобаҳо зинда берун овардаанд.
Заминларзаи мазкур ҳамчунин вилоятҳои Алеппо, Латакия, Ҳамо ва Тартуси Сурия низ хисороти зиёд ворид кардааст. Бар асоси маълумоти охир дар Сурия 711 нафар кушта ва 1431 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва роҳбари Сурия, Башор Асад дар робита ба заминларзаи харобиовар барқияи тасаллӣ ирсол кардааст.
Президенти Тоҷикистон аз хабари куштаю захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон изҳори андуҳ карда, ба пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хост.