ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ба Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 396 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, иттилоъ дод Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Ба иттилои манбаъ, арзиши умуми гази воридшуда наздики 198 млн долларро ташкил додааст, ки ба ҳисоби миёна 498 доллар сари ҳар тоннаро ташкил додааст.
Дар мавриди таъминкунандагони Тоҷикистон ба гази моеъ зикр шудааст, ки аз ҳаҷми умумӣ беш аз 84% ба Қазоқистон, 8% ба Ӯзбекистон, зиёда аз 4% ба Русия ва ҳиссаи ками дигар ба Туркманистон рост меояд.
Ҳиссаи нисбатан бештарро дар воридоти гази моеъи Тоҷикистон ширкати "Аллат" доштааст, ки наздик ба 16%-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи "Октан сервис" беш аз 11%, "Темур Ойл" - 10%, "Газпромнефт - Тоҷикистон"-у "Ғайрат - 82" наздики 9%-ӣ ва "Эмом импорт - экспорт" беш аз 7% арзёбӣ гардидаст.
Дар мавриди сабаби поин рафтани нархи гази моеъ дар Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттилоъ дод, ки ин навъи маҳсулот моҳи декабри соли равон бо нархи миёнаи 545 долллар ворид гардид, ки нисбати нишондоди соли пешӣ 137 доллар ё 20% камтар мебошад.
Сабаби поин рафтани нархи гази моеъро дар ҷумҳурӣ арзон шудани нархи дар корхонаҳои тавлидгар арзёбӣ гардид.