Дастури Эмомалӣ Раҳмон: Наҷотдиҳандагони тоҷик ба кумаки осебдидагони Туркия мераванд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомоти кишвар ба ҷониби Туркия дар бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовари маргбор кумак кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тоҷикистон наҷотдиҳандагони худро ба Туркия мефиристад, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ.
Мақомоти тоҷик аз роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтаанд, ки ба кумаки Туркия шитобанд, иттилоъ дод сухангӯи КҲФ, Умеда Юсупова ба Sputnik Тоҷикистон.
"Феълан дар Вазорати умури хориҷӣ бо супориши роҳбари давлат ҷиҳати фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия ҷаласа ҷараён дорад, ки дар он роҳбари КҲФ Рустам Назарзода низ ҳузур дорад", - афзуд Юсупова.
Туркияро боз заминларза такон дод: қурбониёни офат афзоиш ёфтанд
Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои охир теъдоди кушташудагони заминҷунбии мудҳиш дар Туркия ва Сурия аз 4 ҳазор нафар гузашт.
Мақомоти Туркия ҳисобот додаанд, ки то ҳол аз харобаҳои заминларза дар кишвар беш аз 2900 ҷасад пайдо шудааст.
Ҳамзамон мақомоти Сурия аз кушта шудани 711 нафар хабар дода, зикр намуданд, дар манотиқе, ки таҳти назорати Димишқ қарор надорад, инчунин 733 сокини дигар ҷон бохтанд.
Заминларзаи ахир, ки ҳазорҳо нафарро кушту теъдоди зиёди иншоотро хароб намуд, аз қавитарин ҷунбиши заминҳо дар таърихи Туркия арзёбӣ мегардад.
Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пайи заминларзаи харобиовар дар кишвар то 12 феврали соли равон мотами миллӣ эълон кард.