“Бистараи чирикӣ”: кӯмаки сафири Афғонистон ба сафорати Туркия

Ҳайати дипломатҳои Афғонистон дар Душанбе барои баёни ҳамдардӣ ва расондани кумаки башарӣ ба сафорати Туркия дар Тоҷикистон рафтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Гуруҳи дипломатҳои Афғонистон дар Тоҷикистон кумакашонро ба осебдидагони зилзилаи Туркия расондаанд. Ин кӯмак аз як теъдод бистараи чирикӣ ё халтаи хоб иборат будааст.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Зоҳир Ағбар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо як ҳайате аз ҳамкорони худ барои дилпурсӣ ва изҳори ҳамдардӣ ба мақарри сафорати Туркия дар Душанбе рафт.
“Туркия равобити хеле танготанг ва таърихии беш аз 100-сола бо мардуми Афғонистон дорад ва ҳамеша дар ҳолатҳои мусибат ба кумаки якдигар расидаанд. Мо ҳам бо як кумаки хеле ночиз хостем эҳсосот ва ҳамраъйии мардуми Афғонистонро ба мардуми Туркия баён кунем”, - гуфт Зоҳир Ағбар.
Душанбе маълум кард, ки чанд наҷотдиҳандаро ба Туркия мефиристад
Вай афзуд, аз ҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе ба осебдидагони Туркия 200 адад бистараи чирикӣ ё халтаи хоб шахсан дар ихтиёри Умут Асар, сафири Туркия дар Тоҷикистон гузошта шуд.
“Мардуми Афғонистон бо вуҷуди дармондагие, ки худ дорад, худро ғамшарики мардуми Туркия меҳисобад”, - гуфт Зоҳир Ағбар.
Зилзилаи бесобиқаи шадид дар Туркия то ба ҳол, тибқи иттилои расонаҳои гуногун, ҷони ҳудуди 3500 нафарро гирифта, беш аз 21 ҳазор нафарро низ захмӣ кардааст. Ин заминҷунбӣ инчунин дар Сурия низ садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаст.