ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Cафорати Тоҷикистон дар Туркия паёмадҳои заминларзаи харобиовари маргборро пайгирӣ карда, бо мақомоти кишвари мизбон дар тамос мебошад.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо мақомоти Туркия ҳузури шаҳрвандони кишварро миёни осебдидагону кушташудаҳо таҳқиқ мекунанд. Феълан иттилое дар мавриди ҷой доштани шаҳрвандон миёни осебдидагон нест.
“Аз ҳалоку маҷруҳшудагони заминларза миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз маълумот нарасидааст”, - афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки шумораи қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия соат ба соат афзоиш ёфтааст.
Бар асоси гузоришҳои охир, теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Сурия ва Туркия дар маҷмуъ зиёда аз 1100 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Туркия теъдоди ҳалокшудаҳоро беш аз 900 нафар ва маҷруҳонашонро зиёда аз 5 ҳазори дигар гуфтанд.
Заминларза субҳи 6 феврал дар ҷануби Туркия дар Қаҳрамонмараш ба вуқӯъ пайваст, манотиқи атрофро низ такон дод. Шиддати заминларза то 7,4 - 7,8 бал арзёбӣ мешавад, ки марази он дар умқи 18 километр, тақрибан 33 километрии шаҳри Газиантеп будааст.
Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин заминларза қавитарин аз соли 1995 инҷониб мебошад. Он дар Кипр, Лубнон ва Миср эҳсос карда шудаст.
Пизишкон ва гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ба маҳалли харобшуда дар Туркия рафтанд.
Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳамаи шаҳрвандони аз заминларза осебдида ҳамдардӣ баён карда, изҳори умед намуд, ки кишвар ин офати табииро бо талафоти кам ва ҳарчи зудтар паси сар хоҳад кард.