Сарфаи вақту сабукӣ: даъвати раиси "Амонатбонк" барои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ

“Амонатбонк”, бонки давлатии Тоҷикистон, аз мардуми кишвар даъват кард, ки ба пардохтҳои ғайринақдӣ рӯ оваранду ва бартариятҳои ин корро тавзеҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то миёнаҳои тобистони оянда тамоми пардохтҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шаванд.
Раиси “Амонатбонк”, Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти матбуотии ниҳодаш аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки дастаҷамъона барои сарфа кардани вақту эҷоди як сабукӣ дар зиндагии худ ба пардохти ғайринақдӣ рӯй оваранд.
Ӯ гуфт, аз ин ки соатҳо пушти банкоматҳо истода, пули нақд ба даст оранд ва ҳам соатҳо дар навбат истода, пули барқу андоз ва дигар пардохтҳоро анҷом диҳанд, аз хона набаромада, барои роҳ харҷ накарда, дар вақти дилхоҳ тариқи замимаҳои телефон ва банкоматҳо метавонанд кори худро осон кунанд.
“Суди ин кор на фақат дар ин аст, ки вақти худро сарфа мекунанд, балки барои давлат имкон фароҳам меояд, ки ҳаракати маблағҳо, ҳаҷми пардохтҳо ва ғайраро назорат кунад ва шаффофият як бурди бузурги иқтисоди ҳар як кишвар аст", - таъкид кард Икромӣ.
Вай илова намуд, ки аз сӯи дигар, ҷилави пардохтҳои ғайриқонунии маболиғ, ҳолатҳои фасод ва ё зарурати дар ҷайб нигоҳ доштани пули нақдӣ аз миён меравад, фарҳанги молиявии ҷомиа тағйир мекунад. Ҳадафи мо ҳам расидан ба як ҷомиаи пешрафта, модерн ва мутамаддин аст, гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи декабри соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ дастур дода буд, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохтҳоро ғайринақдӣ ба роҳ монанд.
Дастури президент дар мавриди теъдоди занон дар бонкҳо пурра иҷро нашудаст: Шарҳи Икромӣ
Аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ пардохта шавад.
Тибқи иттилои “Амонатбонк”, дар ҳоли ҳозир 300 намуди пардохтҳои ғайринақдӣ тариқи ин бонк сурат гирифта, бо ҳудуди 50 вазорату корхонаи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.