ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои кор бо ҷавонон 6 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иттилоъ дод Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, барои қадрдонии хизматҳои шоиста ва ҷасорату фидокорӣ дар ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарби хизматӣ ҷоизаи "Шуҷоат ва ҷавонмардӣ" таъсис дода шудааст.
Таъкид шуд, ки ҳадафи ин ҷоиза дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон мебошад.
Кумита тавзеҳ дод, ки соли равон комиссияи босалоҳият аз байни беш аз 40 нафар довталаб 12 беҳтаринро муайян намуда, ҷоиза дар фазои тантанавӣ супорида мешавад.
Озмуни дигари Кумита дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ будаст, ки аз миёни қариб 100 довталаб 21 ғолиб дар маросими ҷамъбастӣ эълон мегарданд.
Инчунин дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии нафарони дигар аз рӯи номинаҳои зерин дар назар аст.
Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2022.
Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон.
Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон.
Барандаи гранти ҳукуматӣ миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2022.
Беҳтарин волонтёри соли 2022
Беҳтарин корофари ҷавон дар соли 2022
Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2022.
Беҳтарин намояндаи маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар соли 2022.
Беҳтарин маҳфили доимамалкунандаи назди ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат дар соли 2022".
Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2022.
Зикр гардид, ки ҳамасола аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти стипендияи президенти Тҷоикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор мегардад.
Дар ин озмун 3 ҳазор беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ҳамчун ғолиб муайян ва давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Дар назар аст, 10 ғолиби озмуни мазкур низ дар ин маросим қадрдонӣ гарданд.