ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки дар даҳсолаи ахир дар сохтори гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ мақоми аввалро ишғол мекунад.
Ин нукта дар ҷараёни дидори роҳбарои Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо ҳамтои русаш Максим Решетников зикр гардид.
Зимни суҳбат таъкид шуд, ки гардиши мол миёни кишварҳо беш аз 1,6 миллиард долларро ташкил дода, дар соли 2022 ба 321 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Дар мулоқот ҳамчунин ба мавзӯи ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон низ дахл карданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо омодагии худро барои афзоиши диверсификатсияи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия изҳор доштанд