ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия мутмаин аст, ки "пирони Вашингтон” дар маъмурияти Амрико ва “шоҳиён” дар Конгресс ба хатми амалиёти вижа дар Украина манфиатдор нестанд.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Надана Фридрихсон, ки дар канали Telegram-аш нашр кардааст, изҳор дошт.
"Агар Вошингтон воқеан мехост ҷангеро, ки худи ӯ барангехтааст, хотима диҳад, метавонист бо як зарбаи ангушти худ ин корро анҷом диҳад. Аммо "пирони Вашингтон" дар маъмурияти ИМА ва "шоҳиён" дар Конгресс ба ин манфиатдор нестанд", - гуфт Медведев.
Қаблан, ин сиёсатмадори рус зикр намуда буд, ки "Амрико ҳамеша дӯстон ва беҳтарин "фарзандон"-и худро тарк кардааст. Дер ё зуд ин дафъа низ чунин хоҳад буд".
Ба ақидаи ӯ, маҳз ин воқеият гиряҳои ашковари масхарабозон дар Киевро ба вуҷуд овардааст.
Аз ин пеш, Маскав аз бесамарии таҳримоту таъминоти аслиҳаю пули низоми Киев гуфта, таъкид намуд, ки ин танҳо амалиёти вижаро тӯл медиҳад, аммо барои бароварда кардани аҳдофи он халал ворид нахоҳад кард.