Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе гуфт, Русия бо Украина табодули асирони ҷангиро анҷом дод, ки дар ҷараёни он 63 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба ватан баргаштанд.
Қайд карда мешавад, ки мубодила бо қаламрави таҳти назорати режими Киев дар натиҷаи раванди мураккаби гуфтушунид ташкил шудааст.
"Дар ҳоли ҳозир тамоми низомиён дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд", - омадааст дар хабари Вазорат.
Зикр гардид, ки ба хизматчиёни ҳарбӣ ёрии зарурии равонӣ ва тиббӣ, инчунин имкони тамос бо хешовандон фароҳам оварда шудааст.
Вазорати дифоъ ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки афроди алоҳидаи "котегорияи ҳассос" низ ба феҳристи асирони озодшуда шомил шудаанд. Кӣ будани ин афрод то ҳол маълум нест.
Дар бораи онҳо маълумот дода нашудааст, танҳо гуфта мешавад, ки табодули ин афрод "ба шарофати талошҳои миёнҷигарии раҳбарияти АМА имконпазир шудааст".