“Соҳибкорони бевиҷдон”: панири русӣ чаро ба Тоҷикистон намерасад?

Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз манъи воридоти беш аз 50 тон панири истеҳсоли Русия хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Кумита инро кори “соҳибкорони бевиҷдон” ва сабаби аслиро дар адами мошинҳои махсус медонад.
Тоҳир Давлатов, сардори раёсати марзии Кумитаи амнияти озуқаворӣ, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, тайи як соли равон ва бештар аз ҳама ҳафтаи гузашта дар посгоҳҳои марзии кишвар як ҳаҷми қобили мулоҳизаи панири пастсифати истеҳсоли Русия ошкор ва бозпас гардонда шудааст.
“Вақте мутахассисони мо озмоиш гузаронданд, маълум шуд, ки панир сифати паст дошта, ба саломатии инсон хатарнок аст ва қобили истифода нест. Аммо ба панире, ки сифати меъёрӣ дорад, ҳатман иҷозаи вуруд дода мешавад”, - гуфт Тоҳир Давлатов.
Тибқи иттилоъи ӯ, дар гузашта панири пастсифати истеҳсоли Русия дар ҳаҷми 14 тону 300 килов дар гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ва ҳафтаи гузашта дар ду маврид, як бор дар ҳаҷми 20 ва бори дигар, 19 тону 267 кило дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и ноҳияи Масчоҳ ошкор ва бозпас гардонда шудааст.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ, дар шарҳи ин мавзуъ гуфт, баргардонидани панир ва дигар амволи ғизоии тиҷорӣ аксаран ба хунукназарии соҳибкорон дар нигаҳдории онҳо бастагӣ дорад.
“Куштори иҷбории мурғон”: сабаби аслии камбуди тухм чист?
“Соҳибкороне ҳастанд, ки мошинҳои махсус – рефреҷераторҳо - яхдон доранду маводро дар ҳарорати зарурӣ нигаҳ медоранд ва моли худро тариқи онҳо интиқол медиҳанд. Аммо иддае ҳам беэътиборӣ мекунанду аз яхдонҳо истифода намекунанд ва моли онҳо ё нобуд, ё бозпас гардонда мешавад", - афзуд ӯ.
Аммо бархе соҳибкорони бевиҷдон ҳам ҳастанд, ки маҳсулоти бекоршударо бо нархи арзон ба даст оварда, мехоҳанд онро дар бозорҳои Тоҷикистон пул кунад, таъкид намуд Файзуллозода.
Тибқи иттилои Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон, дар гузаргоҳҳои марзӣ ва бозорҳои кишвар 65 озмоишгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар маҷмуъ 239 тон маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнокро ошкор ва мусодираву нобуд карда, ё бозпас гардондаанд.
Бино ба омори ин ниҳод, аз умдатарин мавориди дигар дар гузаргоҳҳои марзӣ бозпас гардондани 91,5 тон молу маҳсулоти гуногун, аксаран, доруву ваксина дар гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод”, ки аснодашон қобили эътимод набудааст ва ҳам 9 ҳазору 600 кило сирпиёзи пӯсидаи Покистон дар гузаргоҳи марзии “Панҷи Поён” аст.
Дар умум, тайи соли гузашта дар робита ба амволи воридотии пастсифат алайҳи 111 соҳибкор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо 164 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.