Муътод каму мусодираи маводи мухаддир зиёд: шарҳи генерал Воҳидзода дар бораи вазъ

Мусодираи маводи мухаддир дар Тоҷикистон соли гузашта афзоиш ёфтааст, ки мақомоти тоҷик қаблан ин ҳолатҳоро ба қудратгирии толибҳо дар Афғонистон рабт медоданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 4 тоннаю 160 кило маводи нашъаовар мусодира карда шуд.
Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, генерал Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои роҳбари ниҳоди мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда дар соли 2022 дар қиёс бо нишондиҳандаи соли пешӣ 77 кило бештар мебошад.
Ниҳоди мазкур дар мавриди ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар иттилоъ дод, ки соли гузашта нисбат ба соли қаблӣ 3% кам ба қайд гирифта шудаанд.
Доруи дард ё маводи мухаддир: Истифодаи нашъа ба ҷои даво дар Бадахшони Афғонистон - видео
Тавзеҳ дода шудаст, ки давоми соли 2022 ҳамагӣ 681 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 707 ҷиноят баробар буд.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки шумори нашъамандон дар кишвар коҳиш ёфтааст.
Вай тавзеҳ дод, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4381 нашъаманд расман ба қайд гирифта шудааст, ки камтар аз нишондоди қаблӣ мебошад.
Ба гуфтаи Воҳидзода, теъдоди муътодон дар ҷумҳурӣ 368 нафар нисбат ба соли 2021 камтар ба қайд гирифта шудааст. Вай илова намуд, ки аз теъдоди умумии нашъамандон ҳоло 101 нафари онҳо занон мебошанд.