“Гуристони уран” - ро дар шаҳри Истқилол хокпӯш мекунанд: ҳукумат пул ҷудо кардааст

Корҳои безарагардонии партовгоҳи радиоактии шаҳри Истиқлол шурӯъ шуда, қарор аст то охири соли ҷорӣ бахши аъзами он хокпӯш карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Дар ин бораи имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар посух ба саволи рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ӯ, гуфт, лоиҳае, ки онҳо ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда буданд, дастгирӣ ёфта, барои анҷоми корҳои безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Истиқлол вазорати молияи кишвар маблағ ҷудо шудааст.

“Барои хокпӯшкунии майдони партовгоҳ 10 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ҳоло гурӯҳи коршиносон аз ҷумла радиологҳо дар ин самт кор мебаранд” – гуфт, раиси вилояти Суғд.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки корҳои безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар ин шаҳр бо ҷалби мутахассиси корпоратсияи “Росатом” и Русия шурӯъ шудааст.
Раванди корҳо дар 3 марҳила сурат гирифта қарор аст то соли 2024 ба охир расонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки яке аз бузургтарин конҳои уран дар Иттиҳоди Шӯравӣ "Табошар" дар наздикии шаҳри Табошар (Истиқлоли ҳозира)-и Тоҷикистон буд.
Беш аз 68% савдои вилояти Суғд ба кишварҳои ИДМ рост меояд
Аз соли 1944 то соли 1965 дар он ҷо маъдани уран фаъолона истихроҷ карда мешуд.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро “гуристонҳои уран” ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Востокредмет", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Аз теъдоди умумӣ, айни ҳол 3 партовгоҳи уран дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров дар шароити боз қарор доранд. Дар умум замини ин се партовгоҳ 200 гектар буда, дар онҳо ҳудуди 50 млн тон боқимондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд.
Бино ба арзёбии масъулони корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” барои рупӯш ва безараргардонии партовгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 70 млн евро зарур аст, ки тавони молии давлат ба он намерасад ва ниёз ба кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ дорад.