ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Бозсозии неругоҳи барқи обии Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон 80% анҷом шудааст, гуфт раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар нишасти хабарӣ.
Ба гуфтаи вай, то ин лаҳза се чархаи нерӯгоҳи барқи обӣ иваз карда шудааст.
"Тамоми корҳо оид ба таҷдид ва навсозии нерӯгоҳи барқӣ то охири соли ҷорӣ анҷом хоҳанд ёфт", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум иваз ва таъмири таҷҳизот ва дигар иншооти ин нерӯгоҳро пешбинӣ мекунад.
Маблағи умумии тарҳи бозсозии ин маҷмааи муҳими обӣ дар вилояти Суғд 200 млн. долларро ташкил медиҳад.
Интизор меравад, ки пас аз таъмир иқтидори нерӯгоҳи мазкур аз 126 МВт ба 176 МВт афзоиш ёбад. Истеҳсоли қувваи барқи нерӯгоҳ ба ҳисоби миёна то 38% афзоиш меёбад.
Бояд гуфт, ки оғози татбиқи лоиҳа аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2019 дода шуда буд.
Нерӯгоҳи Қайроққум дар дарёи Сир ва дар ҳудуди шаҳри Гулистон ҷойгир аст. Соли 2016 номи Қайроққум иваз шуд, обанбори Қайроққум "Баҳри тоҷик"-ро гирифт .
НБО “Қайроққум” дар маҷмуъ аз 6 агрегат иборат буда, 64 сол инҷониб бо иқтидори 126 мегаватт фаъолият дорад.
Сохтмони неругоҳи барқи обии “Қайроққум” соли 1952 дар замони собиқ шӯравӣ ё СССР шурӯъ шуда, чархаи якуми он бо иқтидори 21 мегаватт дар таърихи 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шуда буд.