ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Нимҳимоятгари тими ҷавонон ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов ба Португалия рафт.
Бозигари 19-сола бо тими футболи “Думиенсе”, ки дар дивизиони чоруми Португалия рақобат мекунад, шартнома баст, хабар медиҳад, Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар чемпионати Тоҷикистон Ашӯрмамадов дар бошгоҳҳои "Истиқлол" ва "Истаравшан" бозӣ кардааст. Дастаи охирини ӯ "Броук Бойз" буд, ки аз тобистони соли 2022 ба он пайваст, ки шомили Медиалигаи Русия мебошад.
Бошгоҳи нави Салам Ашӯрмамадов дар гурӯҳи "А"-и дивизиони чаҳоруми Португалия дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.
Қаблан гуфта мешуд, ки тими "Бунёдкор"-и Ӯзбекистон ба бозигар таваҷҷум дорад ва имкон дорад, ки ба он гузарад, аммо ин сурат нагирифт.
Бинобар додаҳои охирини портали машҳури варзишии Олмон "Transfermarkt.de" арзиши тахминии бозигар 100 ҳазор евро баҳогузорӣ шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба як соли қабл 25 ҳазор евро кам аст.
Ёдовар мешавем, ки бозигари ҷавон писари мураббии шинохта Алиёр Ашӯрмамадов аст, ки дар гузашта бозигари "Помир" буд.
Дар зинаҳои гуногуни мураббигӣ фаъолият карда мунтахаби Тоҷикистонро низ тамрин додааст ва ҳоло омодасозии тими “Регар-ТадАЗ”-ро ба зима дорад.