ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳавосанҷони тоҷик мегӯянд, ки то фардо дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ (километрҳои 44-79) фаромадани тарма дар назар аст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар ВМКБ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои Суғд низ бориши борон ва барф ва дар манотиқи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ бориши бошиддат ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои абрнок интизор буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилоят борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Борони бошиддат дар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши пуршиддат ба амал омада, дар манотиқи алоҳида раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо 1+6, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.