ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад, пас аз бозшавии марзҳо тиҷорат бо Чинро афзоиш диҳад, изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, пешгӯиҳо бо рақамҳо ҳанӯз чандон дуруст нест, аммо дар маҷмуъ Тоҷикистон интизори афзоиши назарраси тиҷорат бо Чин мебошад.
Ба гуфтаи вазир, ба ин таҷдиди ҷоддаҳои тайи се соли ахир дар кишвар ва тағйири усули ҳамлу нақл мусоидат мекунад.
"Агар қаблан коло ба Чин асосан бо контейнерҳое мерафт, ки бояд дар сарҳад бор карда мешуданд, акнун мошинҳои бордор метавонанд аз сарҳад рост ба маҳалли борфарорӣ дар худи кишвар раванд", - иттилоъ дод ӯ.
Дар мавриди дархостҳои ширкатҳои тоҷикӣ, ба гуфти вазир, аллакай дар рӯзи ифтитоҳ яке аз ширкатҳои логистикӣ барои фиристодани 75 мошин ва раводид ба Чин муроҷиат кардааст.
Ин дар ҳолест, ки на танҳо аз роҳҳои заминӣ балки аз роҳҳои ҳавоӣ низ омадурафт ба Чин роҳандозӣ мегардад.
Раиси "Сомон Эйр", Абдулқосим Валиев изҳор дошт, ки парвозҳо ба Урумчӣ низ баъди танаффуси тӯлонӣ 8 феврал оғоз гардида, дар марҳилаи аввал ҳафтае як бор ва аз моҳи март 2 борӣ анҷом дода мешаванд.
Ширкати мазкур ният дорад, дар оянда парвозҳоро ба шаҳрҳои дигари Чинро низ роҳандозӣ кунад.