Як мусофиру 10-15 гуселу пешвозгир: шарҳи мушкили тартиботу тозагӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон бархе масоили марбут ба тозагию тартибот дар фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ба фарҳанги пешвозу гусел рабт дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Баъзан барои пешвозу гусели як мусофир ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то 10 - 15 нафар меоянд, ки ин сарбории иловагиро барои фурудгоҳ эҷод мекунад.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, маҳз ба ҳамин далел баъзан мушкилоти марбути тозагию тартибот ба вуҷуд меоянд. Масъулин аз расонаҳо хостанд, то дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинонро дар ин масъала таҳким бахшанд.
Дар зимн масъулини фурудгоҳи Душанбе таъкид намуданд, ки дастгоҳҳои иловагии тамизкунандаро фармоиш додаанд.
"Тоҷик Эйр" 2 ҳавопайморо ба иҷора гирифтанист: Расулзода чӣ мегӯяд?
Таъкид ба ин масъала дар ҳолест, ки соли 2022 фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз 3,1 млн мусофир хизмат расондаанд, ки ин дар қиёс бо соли пешӣ қариб 2 баробар зиёд мебошад.
Тавзеҳ дода шуд, ки қисмати бештари мусофирон - зиёда аз 1,7 млн нафар ба "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ва беш аз 900 ҳазор нафар ба "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" рост меоянд.
Теъдоди мусофирон дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба зиёда аз 334 ҳазор ва фурудгоҳи байналмилалии Бохтар ба 137 ҳазор нафар баробар шудааст. Шумораи мусофирон дар Кӯлоб 10% ва Бохтар 5% зиёд гардидааст.
Боркашонӣ низ аз тариқи фурудгоҳи Душанбе афзоиш ёфта, ба зиёда аз 1,8 ҳазор тонна расидааст.