Афзоиши дубаробарӣ: Фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба зиёда аз 3 млн мусофир хизмат расондаанд

Дар бозори мусофирбарии Тоҷикистон тайи соли 2022 ҳудуди 12 ширкати ҳавопаймоӣ ба хизматрасонӣ машғул будаанд, ки танҳо як адад - "Сомон Эйр" ватанӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Соли 2022 фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз 3,1 млн мусофир хизмат расондаанд, ки ин дар қиёс бо соли гузашта қариб 2 баробар зиёд мебошад.
Ба иттилои Агентии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон, теъдоди мусофирон дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар тайи соли гузашта беш аз 1,5 млн нафар афзудааст.
Таъкид шуд, ки қисмати бештари мусофирон - зиёда аз 1,7 млн нафар ба "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" ва беш аз 900 ҳазор нафар ба "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" рост меоянд.
Теъдоди мусофирон дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба зиёда аз 334 ҳазор ва фурудгоҳи байналмилалии Бохтар ба 137 ҳазор нафар баробар шудааст. Шумораи мусофирон дар Кӯлоб 10% ва Бохтар 5% зиёд гардидааст.
Нархи сафар аз Душанбе ба Теҳрон маълум шуд
Афзоиши нисбатан босуръати мусофирон ба шаҳри Душанбе рост омадааст. Ба иттилои Агентии авиатсия тайи соли 2022 фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Тоҷикистон ба зиёда аз 1 млну 754 ҳазор мусофир хизмат расондааст, ки ин нисбат ба нишондоди соли 2021 817 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Боркашонӣ низ аз тариқи фурудгоҳи Душанбе афзоиш ёфта, ба зиёда аз 1,8 ҳазор тонна расидааст.
Зикр гардид, ки дар бозори ҳавонавардии Тоҷикистон як ширкати ватании "Сомон Эйр" ва 11 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ ба хизматрасонӣ машғул мебошанд. Ширкати "Тоҷик Эйр" бинобар корношоям будани ҳавопаймоҳояш дар соли 2022 ҳеч парвозе анҷом надодааст.