ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Барои роҳандозии парвози ҳавопаймо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ширкати "Сомон Эйр" нияти хариди ҳавопаймоҳоро дорад.
Раиси "Сомон Эйр", Абдулқосим Валиев зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо дастури ҳукумат ширкат барои хариди ҳавопаймоҳои зарурӣ фаъолона музокирот бурда истодааст.
Вай таъкид намуд, ки феълан 2 навъи ҳавопаймоҳои ғунҷоишашон 19 ва 50-нафариро баррасӣ доранд. Ҳайати ширкат ба омӯзиши ҳавопаймоҳо машғул буда, то охири сол дар мавриди навъ ва теъдоди ҳавопаймоҳо тасмим хоҳад гирифт, афзуд ӯ.
Валиев илова намуд, ки ширкати тобеяш ҳавопаймоҳоро одатан ба воситаи лизинги молиявӣ дастрас мекунад.
Ин дар ҳолест, ки дар масирҳои байналмилалӣ "Сомон Эйр" ният дорад, ки соли равон самтҳои парвозашро густариш диҳад.
Валиев изҳор дошт, ки парвоз ба Теҳрон аллакай оғоз гардида, феълан 1 парвоз дар ҳафтаро ташкил медиҳад. Ӯ илова намуд, ки ояндаи наздик шумораи парвозҳоро ба 2 адад дар як ҳафта мерасонанд.
Ба иттилои ӯ, парвозҳо ба Урумчӣ низ баъди танаффуси тӯлонӣ 8 феврал оғоз гардида, дар марҳилаи аввал ҳафтае як бор ва аз моҳи март 2 борӣ анҷом дода мешаванд.
Аз нақшаҳои дигари "Сомон Эйр" парвозҳо ба Арабистони Саудӣ, шаҳри Ҷидда муаррифӣ шуд. Валиев изҳор дошт, ки феълан иҷозати мақомоти ҳавопаймоии Арабистони Саудиро интизоранд.
Ин масир, ки аз ҳисоби хоҳишмандони зиёрати маконҳои муқаддаси мусалмонон, аз ҷумла шаҳрҳои Маккаю Мадина метавонад талаботи зиёд дошта бошад, парвозҳои нисбатан бештар хоҳад дошт.
Раиси "Сомон Эйр" изҳор дошт, ки ният доранд ба Ҷидда ҳафтае то 3 бор парвоз кунанд, ки аз ҷумла аз шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Масири дигар, ки ин ширкат нияти парвоз ба он ҷоро дорад, Душанбе - Исломобод муаррифӣ шуд, ки интизор меравад, моҳҳои феврал - март оғоз гардад.
Мақомоти авиатсияи гражданӣ инчунин аз нақшаи парвозҳо ба Гурҷистону Озарбойҷон гуфтанд, ки интизор меравад, ояндаи наздик татбиқ амалӣ шаванд.