ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар соли 2022 дар Русия ҳудуди 700 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки иттилоъ додааст Вазорати умури дохилии Русия.
"Дар моҳҳои январ-декабри соли 2022 нисбати 691 ҳазору 45 нафар қарор дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия қабул шудааст", - иттилоъ додааст ВКД-и Русия.
Ин омор нисбат ба соли 2021 (ҳудуди 735,3 ҳазор) 44 ҳазор нафар камтар аст.
Илова бар ин, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2022 вазорат вуруди беш аз 141 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро ба Русия манъ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 35 ҳазор нафар камтар аст.
Ҳамзамон 40 шаҳрванди Русия дар дохили кишвар аз шаҳрвандии худ даст кашиданд.
Ҳамин тариқ, дар ду соли охир 170 ҳазор ҳамватан аз кишварҳои ҳамсоя бо тартиби соддашуда шаҳрвандии Русия шуданд.
Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия қайд кард, ки аксари онҳо сокинони Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Украина мебошанд.