"Лимит"-и барқ дар Тоҷикистон расман эълон шуд: шарҳи “Барқи тоҷик”

Новобаста аз дастури раисҷумҳури кишвар дар бораи бардоштани “лимит”-и барқ дар Тоҷикистон маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯ расман ҷорӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ширкати “Барқи тоҷик” расман дар бораи ҷори кардани лимити барқ аз рӯзи 1 феврали соли 2023 хабар дод.
Ширкати “Барқи Тоҷик” дар баёнияи худ, ки дар сомоаи расмиаш нашр гардидааст, таъкид кардааст, ки маҳдудиятҳо бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии неруи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, ба роҳ монда шудааст.
Ширкат таъкид кардааст, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳарорати ҳаво нисбат ба меъёр хеле сард шуда, дар натиҷа афзоиши талаботи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат ба неруи барқ дар реҷаи кори низоми энергетикӣ як қатор мушкилиҳоро пеш овард.
“Бо дарназардошти тадриҷан афзоиш ёфтани талабот ба неруи барқ дар дохили кишвар, ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт*соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад”,- таъкид кардааст манбаъ.
Барқи тоҷик қайд кардааст, ки афзоиши талабот ба неруи барқ боиси зиёд шудани сарбории шабакаҳои барқӣ ва трансформаторҳо гардида, ба захираҳои обу энергетикии обанборҳо низ таъсири манфии худро расонид.
Чаро тавлиди барқ рекордӣ шуду "лимит" аз байн нарафт? далели вазир
Вазъи пешомадаро ширкати “Барқи Тоҷик” ташвишовар арзёбӣ кардааст ва аз рўйи хулосаи онҳо роҳандозӣ нагардидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот боиси боз ҳам шиддат гирифтани норасоии неруи барқ дар аввалҳои моҳи март гардида, ба фаъолияти иқтисодии мамлакат ва зиндагии рўзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад.
Ширкати “Барқи Тоҷик” таъкид кардааст, ки чораҳои зикршуда муваққатӣ буда, барои давраи муайян пешбинӣ гардидаанд ва баъди ба эътидол омадани реҷаи обу энергетикии дарёи Вахш аз байн бардошта мешаванд.