Иҷозаи ҳаракати боркаш ва фураҳо тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ

Масъулини ширкати ширкати IRS хабар доданд, ки дар роҳи Душанбе - Чаноқ пайомадҳои тарма бартараф ва ҳаракати нақлиёт таъмин гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ҳаракати автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ, ки субҳи имрӯз маҳдуд гардида буд, иҷоза дода шуд, иттилоъ додааст ширкати IRS.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бинобар пуршиддат будани бориши барф ва мавҷудияти хавфи тармафароӣ, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуда буд.
БА иттилои масъулини ширкати IRS шаби гузашта дар роҳи Душанбе - Чаноқ бартарафсозии пайомади бориши пуршиддати барф ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш қатъ нагардид.
Ҳама маҳдудиятҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ лағв шуданд
Дар ҳамин ҳол, пештар хабар дода шуда буд, ки ба шарофати ин иқдом роҳи Душанбе - Чаноқ кушода буда, ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо, таъмин мебошад.
Акнун ҳракати автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ низ иҷозат дода шуд.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ мардумро ҳушдор дода, даъват кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро худдорӣ намоянд.