Эрон: Пушти ҳамлаҳои паҳподӣ ба корхонаҳо дар Исфаҳон кӣ истодааст

Захираҳои нафту газ ва барномаи ҳастаӣ соҳибихтиёрии Эронро таҳким бахшида, ИМА ва шарикаш дар Ховари Миёна – Исроилро нигарон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тамоми талошҳои Вашингтон ва Тел-Авив бо Теҳрон тавассути қудрат низомӣ ё зарбаҳои паҳподӣ ба корхонаҳои саноатии низомии Эрон “гуфтугӯ” кардан, қобили қабул нестанд ва ва барои густариши низоъ дар қаламрави бузурги Шарқи Наздик, Қафқози Ҷанубӣ ва Марказӣ ва инчунин Осиёи Ҷанубӣ замина эҷод мекунанд.
Вазорати дифои Эрон дар бораи ҳамлаи се паҳподҳо шаби 29 январ ба маркази тавлиди муҳимот дар Исфаҳон, 300-километрии ҷануби Теҳрон хабар дод. Эълон шуд, ки ҳамла бемуваффақ буд- паҳподҳо ба ҳадаф нарасиданд (якеш бо системаҳои дифоъи ҳавоӣ нобуд карда шуд, ду тои дигараш дар тӯрҳои муҳофизатии коргоҳҳо таркиданд).
Коргарон ва таҷхизоти коргоҳҳо зарар надиданд. Расонаҳо гузориш додаанд, ки дар корхонаҳои дифоии шаҳрҳои Ҳамадон ва Караҷ, дар як корхонаи коркарди нафт дар Озаршаҳр низ садои таркиш садо додааст (Теҳрон ин хабарро таъйид накардааст).
То ҳол муайян накардаанд, ки паҳподҳо моли кадом давлат буданд, аммо нашрияҳои иттилоотии Шарқ ва Ғарб тақрибан якдилона ИМА ва Исроилро дар ин ҳамла айбдор карданд.
Сафири Эрон дар Русия: ройзаниҳои наздики Эрону Русия бояд идома ёбанд
Нашрияи “Defence Express” тасвирҳои тозаи моҳвораиро мунташир кардааст, ки дар он дида мешавад тавлиди паҳподҳои Шоҳид-136 дар Исфаҳони Эрон ба таври маъмулӣ идома доард. Бояд гуфт, ки иншооти муҳими истеҳсолии Эрон зери замин ҷойгир шудаанд.
Барои несту нобуд кардани ин гуна корхонаҳои бомбҳои бетонбур (ё силоҳи ҳастаӣ) лозим аст. Ҳамлаи паҳподӣ ё "зарбаи махфӣ", ки рӯзи 29 январ сурат гирифт як навъ ҳушдор ба назар мерасад. Теҳрон изҳор дошт, ки амали таҷовузкор бе ҷавоб намемонад.
Вазорати дифои Эрон таъкид кард, ки иғвоҳо ба зиндагии кишвар таъсире нахоҳанд дошт.
Вазири умури хориҷаи Эрон Амир Абдуллоҳиён ҳамлаҳои паҳподиро "амали тарсноки онҳое номид, ки ҳатто ҷуръати эътирофи аъмоли худро надоранд".
"Ин албатта моро водор намекунад, ки аз таҳияи барномаи ҳастаӣ барои дифои мамлакати мо даст кашем”, - гуфт ӯ.
Сухангӯи Пентагон Патрик Райдер гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳамла ба қаламрави Эрон даст надорад.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷаи Амрико дар бораи барномаи эщтимолии низомӣ алайҳи Эрон дар оянда гуфт:
Бонки марказии Эрон ба тавсеаи муносиботи пулӣ ва бонкӣ бо Русия омодааст
"Мо ҳеҷ гуна барнома ва нақшаҳо марбут ба Эрон ва артиши онро низ истисно намекунем. Ҳама имконот боз ҳастанд, аммо дар ҳоли ҳозир барномаи беҳтар барои мо дипломатӣ аст".
Воқеиятҳои дипломатии Амрико ҳамин аст, ки худи Вошингтон буд, ки якҷониба бо баҳонаҳо аз “созиши ҳастаӣ” (БАРҶОМ) бо Теҳрон дар соли 2018 даст кашид ва ба дипломатия барнагашт. Эрон бо як давраи нави кор дар ғанисозии сӯхти ҳастаӣ посух дод.
Тирамоҳи соли гузашта вазири дифои Исроил Бенни Гантз пешгӯӣ карда буд, ки бомби ҳастаии Эрон дар авоили соли 2023 сохта мешавад ва раисиҷумҳур Ҷозеф Байден иқрор шуд, ки амалиёти низомӣ охирин чораи зидди Теҳрон хоҳад буд.
Тел-Авив аз ҳузури нирӯҳои Эрон дар Сурия ва Лубнон нигарон аст. Силоҳу аслиҳаи қатли ом Теҳронро ба “маркази қудрат”-и бебаҳс барои Шарқи Наздик, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ табдил хоҳад дод.
Истиқлолияти воқеии Эрон барои Иёлоти Муттаҳида дарҳорро барои истихроҷи бепули захираҳои ин кишвар бастааст.

Аккорди ниҳоӣ Juniper Oak 23

Як руз пеш аз ин дар Исроил бо иштироки зиёда аз 140 ҳавопаймо, такрибан 6400 нафар сарбози америкоӣ ва 1500 сарбози исроилӣ машқхои “Juniper Oak” анчом ёфтанд. Мувофиқи ривояти машқхо тирпаандозӣ аз тӯпхонаӣ ва амалиёти баҳрӣ гузаронда шуд.
Посухи Лавров ба иттиҳоми Ғарб дар бораи интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Русия
Ҳамоҳангӣ ҷангандаҳои амрикоӣ ва исроилии насли панҷум сурат гирифт. Киштии ҳавопаймобари “USS George HW Bush” ба фармондеҳӣ ва назорат, паҳподҳо, ҳавопаймоҳои стратегии B-52H бо кулоҳакҳои ҳастаӣ, ҷангандаҳои реактивӣ ва системаҳои HIMARS машғул буданд. Дар зарфи чор руз сарбозон дар майдонҳои тирпарронӣ бештар аз 81 тонна тиру хумпора истифода намуданд.
Машқҳои “Juniper Oak 23” дараҷаи ҳамоҳангӣ 18-мохаи Исроил бо хайати фармондихии артиши ИМА-ро нишон дод. Ва ҳамлаи паҳподӣ ба хоки Эрон дар шаби 29-уми январ як тасодуф набуд, балки як иқдоми ниҳоии машқҳои муштарак - таҳияи як зарбаи азими мушакӣ бо дронҳои хурд, яъне абзорҳои тақлидӣ ба назар мерасад.
Маълум аст, ки кувваҳои ҳавоии Исроил кодир нест, ки иншоотҳои мустаҳкамшудаи ҳастаии Эрон ва пойгоҳҳои мушакии Эронро, ки зарбаи ҷавобиро кафолат медиханд, нобуд созад. Аз ин рӯ, иштирок дар амалиёти эҳтимолӣ бомбаандози амрикоӣ (хусусан B-2 Spirits) муҳим ба назар мерасад.
Навсозии Нерӯҳои ҳавоии Эрон бо ҷангандаҳои муосири Су-35 "равзанаи фурсат"-ро барои Вашингтон ва Тел-Авив маҳдуд мекунад. Эҳтимолияти сар задани низоъҳои низомӣ меафзояд ва ҳузури тӯлонии раиси Созмони иттилоти марказии ИМА Уилям Бернс дар Исроил тасодуфӣ нест.
Теҳрон қодир аст вокуниш нишон диҳад, чун Тел-Авив дар солҳои ахир ба корҳои беэҳтиётона ва аз байн бурдани мансабдорони низомӣ ва олимони марбут ба барномаи ҳастаии Эрон даст задааст.
Эрон аз ширкатҳои нафту гази Русия даъват кардааст, ки дар Шероз намояндагиҳо боз кунанд
Эрон қаблан аз паҳподҳои иктишофии худ барои амалиёти сершумор дар ҳарими ҳавоии Исроил истифода карда буд. Эрон ба куштори генерал Қосим Сулаймонӣ дар моҳи январи соли 2020 аз сӯи Созмони иттилооти марказии ИМА вокуниши шадид нишон дод - ҳамлаҳои мушакӣ ба иншооти артиши ИМА дар Ироқ анҷом дод, дар он (тибқи маҷаллаи Military Watch Magazine) беш аз 100 сарбози амрикоӣ кушта шуданд.
Агар Теҳрон фаҳмад, ки Исроил ҳамлаи террористиро рӯзи 29 январ анҷом додааст, эҳтимол дорад вокуниши шадид нишон дода шавад. Имконияти зарбазадани паҳподҳои эронӣ имкон медиҳад, ки ҳар гуна вазифаҳоро анҷом диҳанд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон қавианд. Камол Ҳарозӣ, мушовири раҳбари олии Эрон, қаблан гуфта буд, ки ин кишвар "иқтидори фаннӣ барои эҷоди силоҳи ҳастаӣ" дорад ва машқҳои густарда алакай бо ҳадафи "зарба задан ба қаламрави Исроил" анҷом дода шудаанд.
Муноқишаи низомӣ метавонад ба бисёре аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Озарбойҷон ва Арманистон, ки алакай "оташак" мезанад, таъсир хоҳад. Озарбойҷон бо Исроил робитаҳои наздик дорад.
Нашрияи Politico ба танишҳои шадид миёни Озарбойҷон ва Эрон дар заминаи муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ ишора мекунад: "Эрон ният дорад 44-километрии марзашро бо Арманистон, ки ба баҳр дастрасӣ надорад ва зери хатар қарор хоҳад гирифт, ҳифз намояд."
ВАО: ИМА ният доштанд барои зарба задан ба Эрон аз қаламрави Тоҷикистон истифода кунанд
Вокуниши Украина ба рӯйдодҳои рӯзи 29 январ ошкор монанди як корикатур аст. Режими Киев ҳамлаи террористӣ ба Эронро "натиҷаи сиёсати пуштибонӣ аз Русия" медонад.
Дафтари матбуоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳатто изҳори умедворӣ кард, ки Теҳрон аз кӯмак ба Маскав даст кашад (ин гуна дастгирӣ воқеан аз ҷониби касе тасдиқ нашудааст). Рӯзи 30 январ вазорати умури хориҷии Эрон сафири Украина дар Эронро дар робита ба изҳороти Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари раисиҷумҳури Украина, ки ба таври ғайримустақим даст доштани Киев дар ҳамла ба Исфаҳонро эътироф кардааст: “Украина шуморо огоҳ кард”, эҳзор кард."
Ба Telegram-канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко щамроҳ шавед