ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар шаҳри Исфара ҳодисаи мудҳиши одамкушӣ сабт гардидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сокини 50-солаи ин шаҳр, маъюби гурӯҳи дуюм, ҳамсари худро ба қатл расондааст.
Манбаъ иллати кушта шудани ҳамсар аз сӯи шавҳарро рашк арзёбӣ кард.
Гуфта мешавад, мард ҳамсараш зани 48-соларо, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиашон тариқи телефон сӯҳбат дошт, бо оҳани дарозиаш 60 см, 4 маротиба ба сараш задааст.
"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид", - афзудааст ВКД.
Дар ҳамин ҳол, ВКД меафзояд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бояд гуфт, тибқи ин модда ба боздоштшуда аз ҳашт то понздаҳ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.