Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Иктишофу бомбандозӣ: Кори Су-34 дар минтақаи амалиёти вижа – видео

Вазорати дифои Русия видеои амалиётҳои ҷангии ҷангандаҳои Су-34-ро дар минтақаи амалиёти вижа дар Украинаро нашр кард
Sputnik
Дар видео кори халабонҳо кумаки онҳо ба нерӯҳои заминӣ намоиш дода шудааст.
Видеои нав аз кори ду ҷангандаи Су-34 дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ аз тарафи Вазорати дифои Русия нашр шуд.
Вазорати дифоъ мегӯяд, вазифаи асосии халабонҳои рус дар минтақаи амалиёти вижа назорати ҳавоӣ ва кумак нерӯҳои заминии Қувваҳои Мусаллаҳ аст ва чунин кумаки ҳавои дар ҳар вақт, новобаста аз обу ҳаво расонида мешавад.
Зеленский иқрор шуд, ки интиқоли танкҳои ғарбӣ ба вазъи ҷанг тағйир намерасонанд
Парвозхои ҷангандаҳои бомбаандоз бо мушакҳои классҳои гуногун сурат мегирад. Низомиён Су-34-ро нерӯи асосии зарбазани қуваҳои ҳавоии Русия медонанд.
Бартарии асосии Су-34 дар амалиёти ҷангии муосир дар он аст, ки он ягона ҷангандае мебошад, ки қодир аст бо муқовимати фаъоли нерӯҳои зиддиҳавоии душман самаранок амал кунад, хабар медиҳад Military Watch.