Вокуниши толибҳо ба сӯзондани дигарбораи Қуръон дар Аврупо

Вазорати умури хориҷии ҳукумати толибҳо бо нашри як изҳорот ҳукуматдорони аврупоиро ба иҷрои уҳдадориҳояшон даъват карда, афзудаанд, "озодии баён" баҳона нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ҳукумати толибҳо ба ҳолати дигари сӯзондани Қуръон дар Копенҳагенро, ки ин дафъа ҳам сиёсатмадори ифротгаро Расмус Палудан анҷом дод, вокуниш кардаанд.
Вазорати умури хориҷии ҳукумати толибҳо бо нашри як изҳорот бори дигар ҳукуматҳои аврупоиро ба иҷрои уҳдадориҳояшон даъват кард.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки ҳукуматдорон набояд ба ифротгароҳо иҷозат диҳанд, ки бадбинии диниро барангезанд. Толибҳо афзудаанд, "озодии баён" наметавонад баҳона барои сафед кардани таҳқири ҳудуди 2 млн мусалмон шавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан сиёсатмадори радикали ростгарои аврупоӣ ва раҳбари ҳизби "Муомилаи сахт" Расмус Палудан китоби муқаддасро дар назди сафорати Туркия сӯзонд.
Човушоғлу: Музокирот дар мавриди густариши НАТО бемаъне аст
Ӯ ба ин иқдом зимни ҳамоише даст зад, ки барои баргузории он дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия иҷозат дошт.
Сӯзондани Қуръон вокунишҳои тундро дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд овард.
Дар Анқара дар посух ба сӯзондани Қуръон парчами Шветсияро оташ заданд. Сокинони Туркия ин кирдорро зиддиисломӣ хонда, дар ҷавоби беадабӣ эътироз барпо карданд. "Шабе мо ногаҳон ба Стокҳолм меоем!", - шиор доданд эътиозгарон.
Раиси бахши равобити бо ҷомеа ва расонаҳои патриархати Маскав, Владимир Легойда сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ифротгарои ростгарои Шветсияро "амали вандализми ғайриқобили қабул" номида буд.