ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар фасли зимистон Тоҷикистон ҳамагӣ 40 - 45 МВт-ро ба Афғонистон мефурӯшад, ки хеле ночиз аст, иттилоъ дод раиси раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки интиқоли барқ ба Афғонистон асосан дар 5 моҳ - аз май то октябр сурат мегирад, ки ҳаҷми ҷараёни об дар дарёи Вахш боло меравад.
Раиси "Барқи тоҷик" тавзеҳ дод, ки дар фасли тобистон як қисми об бидуни коркарди нерӯи барқ партоб мешаваду қисми дигар барои тавлиди нерӯ барои содирот равона мешавад. Ҳадаф самаранок истифодабарии захираҳои энергетикии кишвар мебошад, гуфт Асозода.
Вай таъкид намуд, ки дар 7 моҳи боқимонда зарфияти обию энергетикӣ имкон намедиҳад, ки содироти нерӯ ба таври густурда роҳандозӣ шавад.
Вазири энергетика ва зазираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа низ бо таъкиди хусусияти мавсимӣ доштани фурӯши барқ ба хориҷ изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ мехоҳад дар таъмини минтақа бо нерӯи сабз мавқеи худро дошта бошад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран созишнома дар мавриди интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2023 ба имзо расид.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи ҳукумат гуфт, дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ ба 21,4 млрд киловатт – соат расонида шуд, ки нишондиҳандаро баландтарини дар даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон бо ин раисҷумҳур ҷой доштани камбудиҳо дар соҳаро эътироф карда, масъулини бахшро барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муваззаф кардаст.
Ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи неруи барқ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо аз супоришҳои дигари президент ба масъулин будааст.