Сардиҳои ғайриинтизор дар Хуҷанд камбудиҳо дар кори идораҳои комуналиро ошкор кард

Набуди техникаҳои пошандаи маводи зидди лағжиш ва барфрӯб аз камбудиҳои идораи комуналии Хуҷанд мебошад, ки дар сардиҳои ахир ошкор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар посух ба саволи рӯзноманигорон аз камбудиҳое ишора кард, ки онҳо дар пайи фарорасии сармои шадиди имсол ошкор шудаанд.
Ӯ, иброз намуд, ки сармои бесобиқаи имсол дар баробари мушкилоти зиёд, сабаби ошкоршавии камбудиҳо дар кори як қаттор идораҳои комуналӣ гардидааст.
“Ба гунаи мисол набудани техникаҳои пошандаи маводи зидди лағжиш дар роҳҳо ҳангоми барфрезӣ ва якбандии роҳҳо аст. Мо ба роҳбарони идораҳои коммуналию роҳдорӣ ин мушкилро маълум намудем ва барои хариддори техникаҳои махсуси пошандаи маводи зидди лағжиш лоиҳа омода намудем” – гуфт, раиси Хуҷанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 7 ба 8 уми январ дар пайи барфрезӣ, сармои шадид фаро расид ва роҳҳо ях баста ҳаракати воситаҳои нақлиёт хело душвор гардид. Дар он ҳангом сокинон саривақт аз коргоҳ ба хона ва ё манзилҳояшон ба коргоҳ рафта натавонистанд.
Ба Хуҷанд электробусҳо ворид мекунанд. Оё мушкили мусофирбарӣ ҳал мешавад?
Обуҳавосанҷон дараҷаи сардии ҳароратро беш аз 18 дараҷа рақам заданд, ки ин ҳолат 15 сол ба ин тараф бори аввал бесобиқа будааст.
Масъулони ҳукумати Хуҷанд гуфтанд, ки рухдоди ин ҳолат онҳоро водор намудааст, ки минбаъ корҳои омодагӣ ба зимистонгузарониро тақвият диҳанд.