ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Муҳаммадбоқир Қолибоф раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар дидор бо Муҳаммадтоҳир Зокирзода раиси Маҷлиси Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории 17-мин Иҷлоси иттиҳодияи парлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ал-Ҷазира гуфт, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон дар солҳои ахир сулҳомез ва дӯстона буд, хабаргузории “Хонаи Миллат”.
Вай гуфт, умед аст ҳамкориҳои парлумонӣ ба тавсиаи ин равобит кумак кунанд.
Қолибоф дар ин дидор афзудааст, ки равобити Тоҷикистону Эрон ба хусус дар ҳавзаи фанновариҳо ва донишбунён фурсати хубе барои ҳамкориҳо эҷод кардааст.
Ҳамзамон раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар дидор бо раиси парлумони Тоҷикистон масоъили Афғонистонро баррасӣ карданд.
“Агар масоили Афғонистон ҳал нашавад мушкилоти он доманаи ҳамаи кишварҳои ҳамсояро хоҳад гирифт”,- гуфт Қолибоф.
Дар ҳамин ҳол, раиси парлумони Тоҷикистон гуфт, ки дунёи имрӯз ниёзманди ҳали масъалаи ҷаҳонӣ буда, ки муҳимтарини он амният аст.
“Тоҷикистон дар ҳамаи Созмонҳои байналмиллалӣ дар бораи минтақа, Афғонистон ва зарӯрати барқарории амният ройзанӣ мекунад ва муътақид аст бояд давлати фарогир дар Афғонистон ташкил шавад то амният эҷод кунад”,- афзуд Зокирзода.
Раиси парлумони Тоҷикистон барои ширкат дар 17-мин Иҷлоси итиҳодияи байналмиллалии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ ба Ал-Ҷазира сафар кардааст.
17-мин конфронси иттиҳодияи парлумонҳои кившарҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ аз рӯзи панҷшанбе дар қолаби кумитаҳои монанди Кумитаи иҷроӣ, Кумитаи Фаластин ва Кумитаи ҳуқуи башар, занон ва хонавода кори худро оғоз кардааст ва маросими асли ин Иҷлос рӯзи якшанбе дар маҳали конфронсҳои байналмиллалии шаҳри Ал-Ҷазира бо ҳузӯри раисони Маҷлиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ оғоз шуд.
Дар ин Иҷлос намояндагони парлумони 54 кишвар ва раисони Маҷлиси 17 кишвар ҳузӯр доранд.