ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Таҳлилгарони созмони ғайритиҷоратии амрикоии RAND чаҳор қадамеро номбар кардаанд, ки мақомоти ИМА метавонанд барои ҳалли низоъ бар Украина биандешанд.
Гузориши "Чӣ гуна бояд аз ҷанги тӯлонӣ канорагирӣ кард: сиёсати ИМА ва траекторияи муноқишаи Русияву Украина" дар вебсайти ин созмон нашр шудааст.
Коршиносон низоъ дар Украинаро аз нигоҳи манофеи миллии Амрико таҳлил карданд ва маълум карданд, ки таъхири бӯҳрон барои Вашингтон судманд нест.
Қадами аввал барои суръат бахшидан ба раванди ҳалли ин бӯҳрон мушаххас кардани кумакҳои оянда ба Киев хоҳад буд. Илова бар ин, барои таъмини амнияти Украина ӯҳдадориҳоро қабул кардан лозим аст.
Марҳилаи саввум, тибқи ин санад, бояд бетарафии кишварро кафолат диҳад ва чаҳорум, фароҳам овардани шароит барои сабуктар кардани таҳримҳо алайҳи Русия хоҳад буд.
Таҳлилгари маркази пажӯҳишӣ дар ин гузориш ҳамчунин се сенарияи поёни низоъро пешниҳод кардааст: пирӯзии мутлақи яке аз тарафҳо, созиш бо қатъи амалиёти ҷангӣ ва ҳалли сиёсӣ.
Қаблан Мария Захарова, намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия гуфта буд, ки Ғарб "ҷанг алайҳи Русия"-ро пешакӣ тарҳрезӣ кардааст.