Тоҷирони тоҷик ба Остона мераванд: Ҳадаф дар чист?

Қарор аст, дар ояндаи наздик дар Остона бо ҳузури васеи тоҷирони тоҷик бизнес-форумҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор карда шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Масъалаҳои баргузор намудани бизнес-форумҳо ахиран дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими шаҳри Остона Касимбек Женис баррасӣ гардид, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масоили густариши робитаҳо, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, гузаронидани дигар ҳамоишҳо дар шаҳри Остона ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд.
Чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ дидору гуфтугӯ карда буд.
Суғд ният дорад ба Қазоқистон харбуза ва мева содир мекунад
Дар ҷараёни суҳбат вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро муфассал баррасӣ намуда, дар бораи ҳамкории мутақобилаи ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Қазоқистон, давоми соли 2023 якчанд ҳамоишҳои муштараки соҳавӣ баргузор карда мешаванд.