ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа вазъи воридоти гандум ба вилоят ва коркарди он дар корхонаҳои истеҳсоли орд ва хӯроки чорвою паранда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъала Раиси вилоят барои ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои ордбарорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорвою паранда, баҳри пешгирии истифодаи ғайримақсадноки имтиёзҳо, назорати қатъии воридоту коркарди ғалла ва истеҳсоли орду хӯроки чорвою паранда дар назди масъулин вазифагузорӣ кард.
Дар ин ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кардаааст, ки бояд самаранокии имтиёзҳо мунтазам баррасӣ карда шуда, фаъолияти корхонаҳои соҳа дар самти зиёд намудани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани шароити корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъмини нархи дастрас таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шавад.
“Фаъолияти бомароми корхонаҳои ордбарорӣ ва хӯроки чорвою паранда таъмин карда шуда, дар ин замина сатҳи таъминоти аҳолӣ бо орду маҳсулоти ордӣ ва гӯшти чорвою паранда боз ҳам беҳтар карда шавад”,- гуфт раиси вилояти Суғд.