ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадовро ба Душанбе даъват кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ тамосҳои сатҳи олиро барои таҳкими ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намудаст.
Таъкид шудаст, ки зимни суҳбат сарони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон табрик гуфтанд.
Президентҳо раванди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд.
"Омодагии ҷонибҳоро барои идомаи ҳамкории фаъол дар ростои масоили мубрами глобалӣ ва минтақавӣ таъйид намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо бо Туркманистон гуфтааст.
Вобаста ба ин аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва равобити эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд мавриди таъкид қарор гирифтаст.
Маврид ба зикр аст, ки пеш аз суҳбати телефонӣ президентҳои Тоҷикистону Туркманистон унвонии ҳамдигар паёмҳои шодбошӣ ирсол карда, омодагияшонро барои густариши ҳамкориҳо баён доштаанд.